Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Конфронси Исломӣ Рашад Ҳусейн

19.05.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Конфронси Исломӣ Рашад Ҳусейнро, ки баҳри иштирок дар Иҷлосияи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ин созмон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба муносибатҳои бисёрсоҳаи Тоҷикистону Амрико, ваъзи минтақа ва ҷаҳон ва хусусан оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои Афғонистон гуфтугў сурат гирифт.

«Мо ба рушди муносибот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷўҳи хоса дорем ва ба таҳкиму густариши он?о ?авасмандем», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз заминаи ҳуқуқӣ ва сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико, ки миёни сохторҳои мухталифи ду кишвар ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки баҳри густариши ҳамкории иқтисодӣ, хусусан бо назардошти бозори фарохи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои матлуб ва афзалиятнок дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили олами Ислом, таъмини ҳуқуқу озодиҳои динию мазҳабии инсон ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мубодилаи афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520