Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо собиқ Президенти Украина Леонид Кучма

26.05.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Президенти Украина Леонид Кучмаро, ки бо сафари хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Украина ва дурнамои он баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Леонид Кучма дар гузоштани асоси устувори муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд дод.

Мусоҳибон таъкид бар он доштанд, ки Тоҷикистону Украина дорои имкону захираҳои фарох барои таҳким ва густариши бештари ҳамкорӣ мебошанд ва изҳори боварӣ намуданд, ки баҳрабардории васеъ аз ин имконот ба манфиати ду давлати дўст ва мардумони онҳо аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520