Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Кан

07.06.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвари мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола баррасӣ шуд.

Ша Тсу Кан салому паём ва миннатдории Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мунро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри баргузории чунин ҳамоиши муҳим дар шаҳри Душанбе расонда, изҳор дошт: «Созмони Милали Муттаҳид омода аст, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти зиёди мавҷуда, аз ҷумла вобаста ба мушкилоти истифодаи захираҳои обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намояд».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки конфронси Душанбе дар натиҷагирии нимаи аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва муайян кардани на?шаву тадбирҳои амалӣ барои ноил гаштан ба мақсадҳои Даҳсола ва Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола маъракаи асосӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки “натиҷаҳои Конфронси Душанбе дар Мулоқоти сатҳи олии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябр дар шаҳри Ню-Йорк барпо хоҳад гашт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад”.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба масоили сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520