Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензо

07.06.2010 17:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфт.

Мавзўи асосии сўҳбат бо Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензо ҳамкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола буд.

Франсис Лорензо Тоҷикистонро «кишвари калидӣ дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба оби тоза» маънидод карда, изҳор дошт, ки дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола низ масоили таъмини дастрасӣ ба оби тоза нақши марказӣ доранд.

Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» ба фаъолияти Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола чун кишвари таҷрибавӣ баҳои баланд дода, онро давлати пешсаф дар ин самт арзёбӣ намуд.

Франсис Лорензо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки моҳи сентябри соли равон баҳри иштирок дар иҷлосияи навбатии Созмони Милали Муттаҳид ва маросими супурдани ҷоизаҳои Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ба шаҳри Ню-Йорк ташриф барад.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520