Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуров

08.06.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо дар муқобили таҳдиду хатарҳо ва мушкилоти глобалӣ, аз қабили бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Таир Мансуров аз ҷумла изҳор дошт, ки ба наздикӣ аз ҳисоби Фонди зиддибўҳрони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 90 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ў ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки 20 нафар аз кўдакони рассоми Тоҷикистон, ки ғолиби озмунҳои байналмилалӣ дар мавзўи истифодаи сариштакоронаи об гаштаанд, бо мукофотҳои пулии Шўрои соҳибкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сарфароз гардонда мешаванд. Маблағи ҳар як мукофот ба 2200 сомонӣ баробар аст.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Остонаи қазоқистон баргузор мегардад, сурат гирифт.

Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Эмомалӣ Раҳмонро «яке аз асосгузорони ин созмон» номида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар ин созмон баҳои баланд дод. Дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ў изҳор дошт, ки «натанҳо нерўгоҳҳои обии Сангтўда ва Роғун, балки дигар нерўгоҳҳо низ бояд сохта шаванд, чунки барои Тоҷикистону Қирғизистон ин роҳи асосии тараққиёт аст ва таъкид дошт, ки сохтмони ин гуна иншоот бояд бо назардшти манфиатҳои кишварҳои поёноб сурат бигирад». Ба гуфти ў «нерўи барқ натанҳо барои эҳтиёҷоти дохилӣ, балки барои содирот низ бояд истеҳсол шавад ва кишваре, ки нерўи барқ содир мекунад, кишвари босубот рушдкунанда ба шумор меравад».

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520