Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт»

08.06.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Ҷаноби мўҳтарам, муовини Муншии умумӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Меҳмонони азиз!

1. Бо камоли қаноатмандӣ ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ба Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳо ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ бахшида ба таҳлили миёнамўҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об - барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005 – 2015 хайра мақдам мегўям.

Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид 5 сол пеш ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» ҳусни оғоз бахшида буд. Имрўз мо дар моварои ин рўйдоди муҳими байналхалқӣ қарор дорем. Дар робита ба ин, зарурати ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва андешидани тадбирои дахлдор барои амалӣ сохтани тадбирҳои минбаъда ба миён омадааст.

Имрўз доир ба натиҷаҳои мушаххаси амалӣ сохтани ҳадафҳои байналмилалии мувофиқашуда дар бораи об сухан рондан ҳанўз барвақт аст. Имрўз ҳам проблемаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳалли таъҷилии худро тақозо дорад.

Дар шароити имрўза қариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашад, 2,6 миллиард нафар дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунад, дар бештар аз 80 мамлакат барои таъмини аҳолӣ об намерасад, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 ҳазор нафар вафот мекунад, дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кўдакони то 5-сола меравад.

Дар шароити имрўза хушксолӣ ва биёбоншавии замин ба бештар аз 1,2 миллиард сокини сайёра таҳдид менамояд.

Аз рўи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин, масъалаҳои марбут ба об дар тамоми ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ доир ба масъалаҳои рушди устувор мақоми махсус доранд.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии «Об - барои ҳаёт» мусоидат ба иҷрои ҳамаи ўҳдадориҳои байналхалқӣ дар масъалаи захираҳои об ва захираҳои дигари ба он вобаста то соли 2015 мебошад.

Иҷрои тадбирҳои пешбинишуда дар давоми 5 соли гузашта бинобар таъсири бўҳрони шадиди ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, инчунин бо сабаби проблемаҳои вобаста ба тағйир ёфтани иқлим то андозае душвор буд.

Чунин зуҳуроти ҷаҳонӣ дар бисёр мамлакатҳо барои ба даст овардани ҳадафҳо ва иҷрои вазифаю барномаҳои марбут ба таъмини об ва умуман истифодаи оқилонаи захираҳои об таъсири манфӣ расониданд.

2. Захираҳои оби Тоҷикистон ва вазъияти онҳо

Тавре ба шумо маълум аст, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дар он захираҳои об нисбатан фаровонанд. ҳар сол дар қаламрави мамлакати мо 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад. Ин беш аз 60 фоизи маҷрои дарёҳои ҳавзаи Баҳри Аралро ташкил медиҳад.

Аз чунин ҳаҷми бузурги об танҳо қариб 10 фоизи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилӣ сарф шуда, оби боқимонда ба мамлакатҳои поёноб ҷорӣ мегардад, ки дар он ҷо асосан барои обёрӣ истифода бурда мешавад.

Бо вуҷуди захираҳои фаровони об бештар аз 40 фоизи аҳолии мамлакати мо аз оби тозаи ошомиданӣ истифода бурда наметавонад ва таъмини баъзе ноҳияҳои дурдасти мамлакат бо оби тоза ба проблемаи душвор табдил ёфтааст.

Дар баробари ин, дар Тоҷикистон фалокатҳои табиӣ, нарасидани қувваи барқ, камбуди маблағ дар соҳаи истифодаи об ва омилҳои дигар, ки дар давоми даҳ соли охир торафт қувват гирифта истодаанд, рух медиҳанд. Чунин вазъ бо вуҷуди кўшишҳои ҳукумат барои пешгирии онҳо ба ҷараёни пешрафти мамлакати мо таъсири калони манфӣ мерасонанд.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷузъи ҷудонашавандаи Барномаи миллии стратегияи рушд ва Барномаи стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Дар ин маврид Тоҷикистон барои халқҳо ва мамлакатҳои дигари минтақа ягон проблема ба миён наовардааст ва оварданӣ ҳам нест.

Мамлакати мо айни ҳол аз рўи нишондиҳандаҳои қиёсии замини кишт ва истифодаи об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷои охиринро ишғол менамояд.

ҳамзамон бо ин, Тоҷикистон барои амалӣ сохтани ҳадафҳои Рушди ҳазорсола яке аз мамлакатҳои озмоишӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, ҳаҷми талабот барои амалӣ сохтани ҳадафҳои мазкур санҷида шуд, ки мувофиқи натиҷаҳои он барои ду баробар кам кардани теъдоди аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷдошта то соли 2015 қариб як миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани таъминоти об ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакат бо оби тоза дар давраи солҳои 2008-2020»-ро қабул намудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин соҳа андешидашуда тўли панҷ соли охир қариб 1,2 миллион нафар бо оби тоза таъмин карда шуд ва бештар аз 600 ҳазор нафари дигар аз имконияти истифодаи оби тозаи ошомиданӣ баҳравар гардид.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои вобаста ба захираҳои об дар давоми панҷ соли охир беш аз 15 барнома, стратегия ва нақшаи тадбирҳоро қабул намуд. Имрўз дар доираи онҳо ба маблағи зиёда аз 500 миллион доллар даҳҳо барнома амалӣ карда мешаванд.

Мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи кўшишҳои мо иҷрои барномаҳо ва нақшаҳои зикршуда бо сабаби бўҳрони молиявию иқтисодӣ ва дар натиҷаи фалокатҳои ҳарсолаи табиӣ аз нақшаҳои пешбинишуда қафо мемонад, ки ин дар ниҳояти кор ба буҷети мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.

3. Баҳри Арал

Ба иштирокчиёни мўҳтарами конфронс таҷрибаи талхи минтақа, яъне хушк шудани яке аз кўлҳои калонтарини ҷаҳон - Баҳри Арал маълум аст. Ин фоҷиа, пеш аз ҳама, натиҷаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда мебошад, ки масоҳати онҳо аз 4 миллион гектари соли 1960 имрўз қариб ба 9 миллион гектар расидааст.

Инчунин дар ин давра дар қаламрави кишварҳои поёноб зиёда аз 100 обанбори пурҳаҷм сохта шуд, ки ҳаҷми умумии захираи оби онҳо аз масоҳати имрўзаи баҳри Арал якуним баробар зиёд мебошад.

Зиёд гардидани шумораи аҳолӣ низ яке аз сабабҳои асосии рух додани фоҷиаи мазкур гардид. Бояд гуфт, ки шумораи аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ соли 1956 тақрибан 20 миллион нафар буд, вале имрўз ба 63 миллион нафар расидааст.

Равандҳои зикршуда боис шуданд, ки вуруди об ба баҳр ниҳоят кам гардид ва дар натиҷа ҳаҷми Баҳри Арал беш аз 10 баробар коҳиш ёфт.

Дар чунин шароит танзими истифодаи захираҳои об дар сатҳи байнидавлатӣ, бешубҳа, ҳамчун омили асосии таъмини амнияти об дар заминаи торафт бештар коҳиш ёфтани маҷрои дарёҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Яке аз хусусиятҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки тақсимоти об дар он нобаробар мебошад. Бештар аз 80 фоизи оби дарёҳои ба Баҳри Арал ҷоришаванда дар ҳудуди кишварҳои болооб ташаккул меёбад, ҳол он ки зиёда аз 85 фоизи онро мамлакатҳои поёноб истифода мебаранд.

Дар чунин шароит низоми тақсимоти солҳои пешин ба вуҷудомадаи об бо сабаби набудани роҳу воситаҳои иқтисодии истифодаи он минтақаи ташаккули маҷрои дарёҳоро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин, барои ҳалли ин масъала созишномаҳои дарозмуддати ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ зарур аст.

Ин созишномаҳо бояд роҳу воситаҳои қобили қабули амалӣ сохтани онҳоро пешбинӣ кунанд. Дар ин маврид Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки зимни муқаррар намудани ҳар гуна муносибатҳои милливу минтақавӣ ва андешидани тадбирҳои стратегӣ ба масъалаҳои танзими оби истифодагардидаи кишоварзӣ ва роҳу усулҳои транзити кафолатноки он ба Баҳри Арал диққати махсус дода шавад.

Тоҷикистон борҳо изҳор карда буд, ки барои бартараф сохтани бўҳрони Арал роҳи ягона қабули тадбирҳои мушаххас дар масъалаи истифодаи сарфакоронаи об дар сатҳи минтақа бо роҳи барқарор сохтани фаъолияти мўътадили шабакаҳои обрасонӣ ва ҳолати заминҳои кишт, инчунин иваз кардани зироатҳои обталаб, аз қабили пахта ва шолӣ бо зироатҳое, ки талаботашон ба об камтар аст, ба ҳисоб меравад.

Бо ҳамин роҳ проблемаи амнияти озуқавориро низ ҳал кардан имконпазир мегардад. Аз рўи ҳисобҳои коршиносон, имрўз дар ҷараёни обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 30 то 60 фоизи об бебозгашт талаф меёбад.

Тоҷикистон маҳз бо ҳамин мақсад масоҳати майдонҳои пахтаро то 30 фоиз кам карда, ба ҷои он зироатҳои дигар, аз ҷумла ғалладона ва сабзавот, инчунин зироатҳои дигари ба шароити камобӣ тобовар парвариш менамояд ва бо ин роҳ дар сарфакории об саҳм мегузорад.

Мо ин иқдомро минбаъд низ идома медиҳем ва умедворем, ки кишварҳои дигари минтақа ҳам ба мо пайравӣ карда, бо мақсади сарфаю сариштаи об ва беҳтар намудани шароити экологӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Бо таассуф изҳор менамоям, ки баъзе давлатҳои минтақа ба ҷои ин, ки ба ҳалли проблемаҳои ҳавзаи Баҳри Арал кўшиш ба харҷ диҳанд, бо ҳар роҳу восита ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки ҳақиқати ҳолро таҳриф карда, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиа, яъне истифодаи ғайриоқилона ва баъзан харобкоронаву ҳалокатбори захираҳои об дур кунанд.

Ба ақидаи мо, маънидоди яктарафаи далелу рақамҳои мавҷуда ба манфиати ҳалли проблема намебошад. Самараи ҷидду ҷаҳди наҷот додани Баҳри Арал, пеш аз ҳама, ба дарки аниқу дурусти ҳақиқати ҳол ва амалӣ сохтани тадбирҳои мушаххас вобаста мебошад.

Тавре ки маълум аст, панҷ мамлакати минтақа бо мақсади ҳалли проблемаҳои Баҳри Арал Бунёди байналмилалӣ таъсис дода буданд. Ба ақидаи мо, барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, шабакаҳои кўҳнашуда ва харобгардидаи обёрӣ ва обрасонӣ бояд барқарор карда шаванд.

Кўшишҳои чандинкаратаи мамлакатҳои минтақа бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои мустақили байналхалқӣ дар бобати таҳия кардани Барномаи стратегии истифодаи об дар Осиёи Марказӣ натиҷаи дилхоҳ надоданд.

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ин барномаҳо буд ва омода аст, ки дар амалӣ сохтани онҳо саҳм гузорад. Вале кишварҳои алоҳидаи минтақа танҳо манфиат ва фоидаи худро ба назар гирифта, аз қабули ин барномаҳо даст кашиданд.

Тоҷикистон имрўз ҳам барои ҳалли проблемаҳои обу энергетика ва беҳтар сохтани вазъи экологӣ дар ҳавзаи Баҳри Арал ба ҳамкории ҳамаҷониба бо ҳамаи давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ омода мебошад.

Тоҷикистон маҳз барои ҳамин ва бо мақсади ба даст овардани маълумоти дақиқу воқеӣ доир ба вазъи имрўзаи проблемаҳои обу экологии Осиёи Марказӣ аз Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш кард, ки ба таҳқиқу ташхиси доманадору беғаразонаи шабакаҳои мавҷудаи истифодаи об, шабакаҳои ирригатсионӣ ва экологии минтақа мусоидат намояд.

Мо итминон дорем, ки муқаррар намудани роҳу воситаҳои қобили қабул ва мутақобилан муфиди истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа бо дарназардошти манфиатҳои мамлакатҳои болооб, ки дорои захираҳои фаровони об мебошанд ва мамлакатҳои поёноб, ки дорои захираҳои калони сўзишворӣ ҳастанд, ба ҳамкории дарозмуддату мутақобилан судманди кишварҳои минтақа ва рушди устувори онҳо мусоидат мекунад.

Яке аз тадбирҳои самарабахш дар ин самт ташкили консорсиуми обу энергетика буда метавонад, ки на танҳо дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, балки дар бобати ба даст овардани ҳадафҳои Рушди ҳазорсола, беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазъи экологии минтақа нақши муҳим хоҳад бозид.

4.Гидроэнергетика

Имрўз дар миқёси ҷаҳон қариб 1,6 миллиард нафар аз қувваи барқ истифода бурда наметавонад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ва ҳадафҳои дигари рушди байналмилалӣ бештар сохтани баҳрабардорӣ аз қувваи барқ дар мамлакатҳои рў ба инкишоф зарур мебошад.

Аз рўи ҳисобҳои мутахассисон, дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи қувваи барқ камаш як миллиард нафарро бо қувваи барқ таъмин кардан мумкин аст.

Ин ҳам дар шароите имконпазир мегардад, ки роҳу воситаҳои вусъат бахшидани тиҷорат ва сармоягузорӣ самарабахштар гардонида шаванд.

Соҳаи гидроэнергетика, ки 20 фоизи таъминоти ҷаҳонии қувваи барқро ташкил медиҳад, манбаи муҳими барқароршавандаи энергия ба шумор меравад. Ин рақам дар Тоҷикистон ба 98 фоиз мерасад. Бинобар ин, мафҳумҳои «об» ва «энергетика» барои кишвари мо ҳаммаъно ва тавъаманд мебошанд. ҳаҷми солонаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон тақрибан 527 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад.

Мамлакати мо аз лиҳози истифодаи қиёсии захираҳои гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳар километри мураббаъ ҷои якум ва аз ҷиҳати истеҳсоли он ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд.

Вале аз ин захираи бузург ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3-4 фоиз истифода бурда мешаваду халос. Айни ҳол қариб аз 8 миллион нафар сокини мамлакат қариб як миллион нафар бо қувваи барқи доимӣ таъмин карда намешавад. Зиёда аз аз 15-сол инҷониб дар мамлакат дар фасли зимистон қувваи барқ ба хонаҳои мардум дар як шабонарўз ҳамагӣ аз 4 то 6 соат дода мешаваду халос.

Дар баъзе ноҳияҳо аҳолӣ аз 2 то 3 моҳ аз истифодаи қувваи барқ маҳрум мегардад. Ин, пеш аз ҳама, ба сатҳи зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ, хусусан занону кўдакон ва мўйсафедон таъсири манфӣ мерасонад. Одатан дар ин давра мактабҳо баста мешаванд, фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ ва шифохонаҳо маҳдуд мегардад.

Камбуди қувваи барқ ба иқтисодиёти мамлакат низ зарари калон мерасонад. Аз ин сабаб қариб ҳамаи корхонаҳои саноатӣ аз кор мемонанд. Дар натиҷа шумораи бекорон зиёд шуда, вазъи иҷтимоӣ муташанниҷ мегардад.

Вобаста ба ин ва бо сабаби он, ки дар мамлакат захираҳои кофии сўзишворӣ вуҷуд надоранд, рушди соҳаи гидроэнергетика ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлати мо боқӣ мемонад. Сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.

Дар баробари ин, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ба манфиати мамлакатҳои дигари минтақа низ мебошад, зеро онҳо дар шароити торафт кам гардидани захираҳои об бо ин неъмати бебаҳо таъмин карда хоҳанд шуд.

Соҳаи гидроэнергетика, ғайр аз таъмини қувваи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, инчунин аз нуқтаи назари истифодаи муттасили захираҳои табиӣ дар оянда, вақте ки захираҳои нафту гази барои истеҳсоли қувваи барқ истифодашаванда дар минтақа ба охир мерасад, аҳамияти калон дорад.

Имрўз қариб 80 фоизи нерўи барқ дар минтақа бо истифода аз сўзишворӣ истеҳсол мешавад, ки дар натиҷа ҳамасола ба фазо зиёда аз 100 миллион тонна партовҳои газ хориҷ мешаванд. Истифодаи манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар ин самт метавонанд партовҳоро кам карда, ба беҳтар гаштани вазъи экологӣ мусоидат намоянд.

Чунин муносибат, ҳамчунин куллан ба беҳдошти раванди ҷаҳонии иқлим ва мутобиқсозии пайомадҳои минбаъдаи ин тағйирёбӣ мутобиқ аст, ки дар ин бора ба таври мушаххас дар Саммити ҷаҳонии Копенгаген доир ба тағйирёбии иқлим сухан рафта буд.

Тоҷикистон борҳо дар бораи азхудкунии якҷояи захираҳои бойи гидроэнергетикӣ ташаббус нишон дода, дар татбиқи он ба ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ умед дорад.

Мо бовар дорем, ки дар шароити босуръат афзоиш ёфтани аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, истифодаи мақсадноки захираҳои гидроэнергетикӣ, таҳия ва муқаррар кардани роҳу воситаҳои мувофиқашудаи дарозмуддат ва бемамониат идораи маҷрои дарёҳо чораи ягонаи таъмини рушди устувори иқтисодиёт, ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, маориф, тандурустӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва дигар мушкилоти муҳими иҷтимоиву иқтисодии ҳаётан муҳим мебошад.

Тоҷикистон дар ҷараёни истифодаи манбаъҳои гидроэнергетикии худ манфиати кишварҳои ҳамсояро пурра ба инобат мегирад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, бо изҳори иродаи қавӣ ва бо дарназардошти зарурати таъмини шаффофият ва ба инобат гирифтани манфиатҳои умумиминтақавӣ мо ҷиҳати гузаронидани ташхиси асоснокии техникӣ ва арзёбии таъсири иҷтимоиву экологии сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун, ки айни ҳол идома дорад, ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намудем.

5. Кўли Сарез

Бо сабаби тараққиёти босуръати соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши аҳолии минтақа таъмини аҳолӣ бо оби тоза сол то сол мушкил мегардад. Таҳлилҳо оид ба афзоиши аҳолӣ ва таъсири он ба манбаъҳои об барои ояндаи наздик чандон хушбинона нестанд. ҷиҳати ҳалли ин масъала Тоҷикистон пешниҳод менамояд, то аз кўли Сарез, ки дар маркази Помир дар баландии 3300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, қубурҳои обгузар сохта шаванд.

Ҳаҷми об дар ин кўли дорои оби нўшокии аз лиҳози экологӣ тозатарин қариб 17 километри мукааб буда, метавонад тамоми аҳолии Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин намояд.

Ин барнома дар шароити нарасидани об дар минтақа, аз нигоҳи устуворӣ ва мақсаднокии худ метавонад барои ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳими аҳолии минтақа, яъне таъминоти оби тозаи нўшокӣ яке аз лоиҳаҳои самарабахш бошад.

6. Тағйироти иқлим, фалокатҳои табиӣ

Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои кўҳҳои зиёд дар ҷаҳон буда, 93 фоизи ҳудуди онро кўҳҳо ташкил медиҳанд. Шароити душвори ҷуғрофӣ Тоҷикистонро аз лиҳози фалокатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлими мамлакатҳои қитъаи Евразия ниҳоят осебпазир мегардонад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ вобаста ба об талафоти зиёди иқтисодӣ ба бор омада, ҳазорон оила бесарпаноҳ мемонаду одамон ҳалок мегарданд.

Баъзан ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин бо инфраструктураи иҷтимоиву иқтисодии худ зери сел, обхезӣ ё лойқа мемонанд.

Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи обхезӣ аз оғози соли ҷорӣ 46 нафарро ташкил дода, даҳҳо нафар бе ному нишон гаштанд. Дар зиёда аз 20 шаҳру ноҳияи мамлакат фалокатҳои табиӣ рух дода, дар натиҷа зиёда аз 4 ҳазор хонаи истиқоматӣ зарар дид, ҳазорон одамон бесарпаноҳ монданд, даҳҳо мактабу беморхона, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар инфраструктураи ҳаётан муҳим зарар диданд.

Хисороти воридшуда аз ҳисоби фалокатқои табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз оғози соли ҷорӣ, аз рўи ҳисобҳои пешакӣ 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиӣ маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. қисми зиёди ин маблағҳо барои кўчонидани аҳолии зарардида, расонидани кўмакҳои моддӣ, инчунин анҷом додани корҳои барқароркунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ равона мегардад. Дар давоми ду соли охир танҳо барои мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Ому зиёда аз 20 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст.

Мо аз ҳукуматҳои кишварҳои дўст, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо, ки ба аҳолии аз фалокатҳои табиӣ зарардида кўмак мерасонанд, миннатдорем. Фалокатҳои табиӣ на танҳо хисороти пешгўйинашаванда ба бор меоранд, балки барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъсир расонида, дар татбиқи барномаҳо ва стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мушкилоти иловагӣ эҷод мекунанд.

7. Пиряхҳо

Барои минтақаи мо масъалаи обшавии пиряхҳо ва тармаҳо, ки дар саргаҳи ташаккули оби дарёҳо ҷойгиранд, ниҳоят ташвишовар аст. Дар давоми даҳ соли охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон сеяк баробар кам шудааст. Аз 14 ҳазор зиёда аз ҳазор пирях тамоман об шуда, яке аз калонтарин пиряхҳои ҷаҳон дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар нимаи дуюми асри 20 зиёда аз 20 фоизи ҳаҷми худро талаф додааст.

Ин раванд дар масъалаи манбаъҳои оби минтақа, ки унсури асосии рушди ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ ва дар маҷмўъ рушди устувор мебошад, тағйироти ҷиддиро пешгўӣ мекунад.

Бинобар ин, зарур аст, ки якҷоя бо созмонҳои байналмилалӣ барномаи мукаммали таҳқиқот ва ҳифзи ин сарчашмаҳои оби тозаи нўшокӣ таҳия карда шавад. Бо ин мақсад як қатор пиряхҳои Помир, бахусус пиряхи Федченко дар ҳудуди Тоҷикистон метавонанд объектҳои асосии таҳқиқот ва муҳофизат бошанд.

8. Ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои об

Тағйирот ва равандҳои глобалии даҳсолаҳои охир ба манбаъҳои обӣ таъсири бузург расониданд ва вобаста ба ин, об ба яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва сулҳ табдил ёфта истодааст. Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки ҳамаи тарафҳо дар ҷараёни танзими захираҳои об рўҳияи ҳамкорӣ, сабру таҳаммул, шаффофият ва эҳтироми ҳамдигарро риоя кунанд. Чунин роҳи осоишта ба даст овардани рушди устуворро таъмин хоҳад кард.

Идораи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар бояд бо дарназардошти истифодаи одилона ва мутақобилан судманди на танҳо захираҳои обӣ, балки захираҳои дигари табиӣ сурат гирад. Танҳо чунин муносибат метавонад рушди устувори кишварҳои мо ва ҳифзи муҳити атрофро барои наслҳои оянда таъмин намояд. Рушди дипломатияи обӣ дар ин самт аҳамияти калон дорад.

Мавҷудияти муносибатҳои гуногуни ҳамкорӣ дар масъалаҳои истифодаи об дар ҳавзаҳои зиёда аз 263 дарёҳои сарҳадгузар гувоҳи он аст, ки маҳз об сарчашмаи асосии ҳам некўаҳволии одамон ва ҳам амнияти минтақавӣ мебошад. Ин ҳавзаҳо, ки дар ҳудуди онҳо беш аз 40 фоизи аҳолии сайёра умр ба сар мебаранд, қариб нисфи сатҳи Заминро ишғол намуда, 60 фоизи захираҳои оби тозаро ташкил медиҳанд.

Дарёҳое, ки марзҳои миллиро убур мекунанд, натанҳо дар сатҳи байнидавлатӣ, балки дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.

Дар иртибот ба ин, фикр мекунам, ки эълон намудани соли 2012 ҳамчун Соли байналмилалии дипломатияи обӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳо, дарёфти роҳҳои нави танзими муносибатҳои обӣ миёни кишварҳои соҳили дарёҳо мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмии истифодабарандагони обро дар ҳамаи сатҳҳо беҳтар хоҳад кард.

Ин ташаббус аз ҷониби мо дар Саммити панҷуми умумиҷаҳонии об дар шаҳри Истамбул соли 2009 пешниҳод гардида буд.

Мо умедворем, ки давлатҳои дигари аъзои Созмони Милали Муттаҳид низ дар масъалаи қабули қатъномаи дахлдор вобаста ба ин масъала дар чорчўбаи иҷлосияи 65-уми қарибулвуқўи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

9. Ҳуқуқи инсон

Бояд роҳҳои бештар самараноки ҳамгироиро дарёфт кард, то ин ки об барои эҳтиёҷоти тамоми инсонҳо самаранок истифода гардад, масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳоро ҳал намояд, муҳити зистро беҳтар созад.

Танҳо чунин муносибат метавонад рушди устувори кишварҳои моро таъмин ва сайёраро ҳифз намояд.

Бо дарназардошти ин, ба ақидаи мо, вақти он расидааст, ки масъалаҳои мутобиқгардонии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти истифодаи об бо талаботи замон ва таҳдидҳои муосир ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла бо дарназардошти манфиатҳои давлатҳо ва амнияти инсонҳо ба таври васеъ муҳокима карда шаванд.

Тибқи Муоҳидаи байналхалқии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамаи халқҳо барои ба даст овардани мақсадҳои хеш метавонанд аз сарватҳои табиии худ, бе халалдор сохтани ўҳдадориҳое, ки аз ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ бармеоянд ва ба ҳуқуқҳои байналмилалӣ асос ёфтаанд, ба манфиати ҳамдигар ва асосҳои мутақобилан судманд озодона истифода намоянд. Ягон халқ, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз василаҳои зиндагии ба вай тааллуқдошта маҳрум карда шавад.

Агар захираҳои об асоси пешрафти соҳаҳои дигари иқтисодиёт бошад, ки аз онҳо на танҳо ҳаёти инсонҳо, балки паст кардани сатҳи камбизоатӣ, нигоҳдории тандурустӣ, маориф, таъминоти барқ ва самтҳои дигари ҳифзи одамон вобаста аст, пас дар ин ҳолат низ бояд ҳуқуқҳои инсон ва кишварҳо барои истифодаи захираҳои обӣ эҳтиром карда шаванд.

10. Пешниҳодҳо барои нимаи дуюми Даҳсолаи байналмилалӣ

ҳоло як қатор мушкилоти иқтисодие мавҷуданд, ки монеаи асосии ҳалли масъалаҳои об мегарданд. Аз ин лиҳоз, мо бояд эҳтиёҷоти махсуси кишварҳои ақибмонда ва кишварҳои ба баҳр роҳи баромад надоштаро баррасӣ намоем. Дар ин самт ба ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат намудан зарур аст:

- ҳамлу нақли бемамониати молҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои камбизоатӣ, мубориза бо фалокатҳои табиӣ, дастгирии соҳаи тандурустӣ, маориф ва ғайра нақши стратегӣ мебозанд;

- кам кардани маблағи қарзи кишварҳои камбизоат;

- бахшидани қарзҳои расмии дуҷониба, инчунин кўмаки бештари расмӣ бо мақсади инкишоф ба кишварҳое, ки паст кардани сатҳи камбизоатиро мароми хеш қарор додаанд.

Вобаста ба ин, имрўз бояд беш аз ҳар вақти дигар мо дар амалҳои якҷояи хеш ўҳдадориҳоямонро оид ба шарикии глобалӣ, ки дар Эъломияи ҳазорсола ба зимма гирифтаем, дастури амали худ қарор диҳем.

Тағйироти глобалии иқлим, ки солҳои охир ба назар мерасад ва равандҳое, ки онро ҳамроҳӣ менамоянд, дар масъалаҳои таъмини об ва маводи ғизоӣ барои зиндагии миллионҳо нафар душворӣ пеш меоранд, вале аз онҳо беш аз ҳама табақаҳои камбизоати аҳолӣ зарар мебинанд.

Дар робита ба ин, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии «Об - барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005-2015 пешниҳод менамояд, ки нимаи дуюми Даҳсола ба иҷрои тадбирҳои мушаххас дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба таъмини табақаҳои камбизоаттарини аҳолӣ бо оби нўшокӣ ва шароити заминавии санитарӣ бахшида шавад.

Умедворам, ки баргузории Мулоқот дар сатҳи олӣ, моҳи сентябри соли 2010, доир ба масъалаи мақсадҳои рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола ифода ёфтаанд, ҳамчунин рўйдоди муҳими таърихӣ дар таҷлили амалисозии ҳадафҳои Рушди ҳазорсола дар 5 соли гузашта хоҳад буд.

Тоҷикистон ният дорад ҳамроҳи кишварҳои дигари аъзо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар вохўрии моҳи сентябр дар сатҳи олӣ натиҷаҳои Конфронси имрўза ва чорабиниҳои дигари байналмилалиро оид ба масъалаҳои об ва санитария пешниҳод намояд.

Илова бар ин, мо мақсад дорем, ки минбаъд дар чорчўбаи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои рушди устувор (РИО+20), ки соли 2012 баргузор мегардад, инчунин вохўриҳои дигари сатҳи олӣ дар баробари масъалаҳои муҳимтарини замони ҳозира масъалаи обро низ ба миён гузорем.

Дар ин самт мо ба дастгирии кишварҳои мўҳтарами аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ умед мебандем.

Ба ҳамаи шумо будубоши бахайр дар мамлакати мо ва ба кори Конфронс барор мехоҳам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520