Сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Энча мавзўъҳои гуногуни вобаста ба мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро дар бар гирифт.
Таваҷҷўҳи зиёд ба бартарафсозии монеаҳо дар роҳи рафтуомади одамон, гардиши озод ва транзити молу маҳсулот миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мушкилоти ҳалталаб зоҳир карда шуд.
Мубодилаи афкор ҳамчунин доир афзоиши истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва дигар хатарҳои аз ин кишвар сарчашмагиранда сурат гирифт.