Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе

01.07.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Виктор Антоновичи мӯҳтарам!
Меҳмонони азиз!
Профессорҳо, омӯзгорон, аспирантҳо ва донишҷӯёни гиромӣ!

Фараҳмандам, ки ҳамаи шуморо ба рӯйдоди барои Тоҷикистон хеле муҳим – расман кушода шудани филиали яке аз мактабҳои олии қадимтарин ва пешбарандатарини ҷаҳон – Донишгоҳи давлатии Маскав хайра мақдам мегӯям, ки ба он номи олими бузург Михаил Василевич Ломоносов гузошта шудааст.

Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар соҳаи маорифи мамлакати мо воқеаи муҳим мебошад. Зеро он дар тайёр намудани мутахассисон мувофиқи талаботи замони ҳозира нақши муҳим мебозад. Дастпарварони ин мактаби олӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакати мо зарур мебошанд. ҳаминаш қобили қайд аст, ки ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав бо Соли маориф ва донишҳои техникӣ рост омад ва ҳадафи он боз ҳам бештар густариш додани илму техника дар Тоҷикистон мебошад.

Донишгоҳи давлатии Маскав на танҳо дар мамлакатҳои собиқи шӯравӣ яке аз мактабҳои олии машҳуртарин ба шумор меравад, балки дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон маълуму машҳур гардидааст. Саҳми он дар истиқрору пешрафт ва тараққиёти соҳаҳои илм ва маълумоти олӣ дар Тоҷикистон ниҳоят бузург аст.

ДДМ дар давоми садаи гузашта барои таъмини мамлакати мо бо кормандони илмӣ, таъминоти асбобу анҷоми навтарини озмоишгоҳҳои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти зарурӣ кӯмаки бебаҳо расонидааст. Олимони он дар мактабҳои олии Тоҷикистон лексияҳо хонда, дар тайёр намудани мутахассисони варзида барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакати мо фаъолона ширкат варзидаанд.

Бинобар ин ман ба роҳбарияти Федератсияи Русия ва пеш аз ҳама ба Президенти ин мамлакат Дмитрий Анатолиевич Медведев барои он самимона изҳори сипос менамоям, ки орзуи аксарияти сокинони Тоҷикистон дар бораи кушодани филиали ин мактаби олии машҳур дар пойтахти мамлакати мо ҷомаи амал пӯшид. ҳамчунин ба роҳбарияти ДДМ, аз ҷумла, олими бузурги дар саросари ҷаҳон машҳур, математики варзида Виктор Антонович Садовничий барои ҷидду ҷаҳди хастагинопазираш барои кушодани филиали ДДМ дар Душанбе миннатдорӣ баён менамоям.

Дар баробари ин олимони тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён ва хусусан аҳли илм ва маорифро бо чунин рӯйдоди муҳим дар мамлакатамон табрик менамоям, ки барои ҷумҳурии мо аҳамияти бебаҳо дорад.

Мо бо назардошти талаботу эҳтиёҷоти муносибатҳои имрӯзаи бозаргонӣ, рушди муттасили иқтисодиёт аҳамияти кушода шудани филиали ин мактаби олии дар саросари ҷаҳон машҳурро ба хубӣ дарк менамоем, ки мутахассисони варзида ва бомаҳорат тайёр мекунад ва ба донишу маърифати онҳо дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон талабот калон аст.

ҳамдиёрони азиз!

Бе шубҳа, барои ҳар давлате, ки ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти худро муттасил тараққӣ додан мехоҳад, пеш аз ҳама мутахассисоне заруранд, ки дараҷаи ихтисосу маҳорати онҳо ба талаботи замон ҷавоб дода тавонанд.

Акнун насли навраси мо, бунёдкоронаи ояндаи Тоҷикистон имконияти хуб пайдо карданд, ки қуллаҳои баландтарини илмро фатҳ намуда, дар ин мактаби олӣ дониши мукаммал ба даст оранд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи филиали ДДМ ҳамин аст, ки тақрибан 70 фоизи омӯзгорони он аз ҷумлаи кормандони Донишгоҳи давлатии Маскав буда, 30 фоизи онҳо аз ҷумлаи омӯзгорони беҳтарин ва пуртаҷрибатарини Тоҷикистон интихоб карда шудаанд. Хусусияти дигари он ҳамин аст, ки донишҷӯён имкон доранд, нимсолаи охирини таҳсилро дар худи Донишгоҳи давлатии Маскав ба охир расонида, дар ҳамин ҷо рисолаи дипломӣ ҳимоя кунанд.

Бисёр дастпарварони ДДМ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва мактабҳои олии мамлакати мо самарабахш кор карда, нишон медиҳанд, ки ба унвони дастпарвари ДДМ ҳамаҷониба сазовор мебошанд. Вале мо бо он намояндагони Тоҷикистон фахр мекунем, ки дар худи ДДМ самарабахш меҳнат мекунанд.

Бонувон ва ҷанобони мӯҳтарам!

Нақшаи стратегии рушди соҳаи маорифи мамлакати мо дар шароити аҳамияти умумибашарӣ пайдо намудани зуҳуроти замони ҳозира аз ибтидои он истифодаи имкониятҳои ҳамкорию ҳамгироӣ ва дастаҷамъиро дар ин соҳа дар бар мегирифт ва мегирад.

Бинобар ин ҳайратовар нест, ки танҳо дар давоми чанд соли охир аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тармиму таҷдиди пурраи бинои филиали ДДМ 4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети давлат 2 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Таъминоти филиали донишгоҳ ба тамоми талаботи замони имрӯза мувофиқат мекунад. Дар ин ҷо китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои махсуси хатнависӣ, озмоишгоҳҳо, матбааи кӯчак, синфхонаҳои махсуси забономӯзӣ дар ихтиёри донишҷӯён гузошта, барои омӯзгорон меҳмонхона кушода шудааст.

Дар давоми ду соли фаъолияти филиал аз ҳисоби буҷети давлат барои таъминоти он қариб 9 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Чунин дастгирии молиявӣ барои ба вуҷуд овардани заминаи фаъолияти филиали донишгоҳ шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакати мо барои пешрафти бемайлони соҳаи маориф ғамхориҳои беназир зоҳир карда мешаванд.

Соли аввали таҳсил донишҷӯёни филиал ҳамагӣ ду ихтисос - математикаи амалию информатика ва муносибатҳои байналхалқиро омӯхтанд. Ояндаи наздик доираи омӯзиши ихтисосҳо дар ин ҷо васеъ карда, барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон кадрҳои зарурӣ омода карда хоҳанд шуд. Умед аст, ки ояндаи наздик дар ин ҷо барои таҳсили мукаммалу самарабахши донишҷӯёне, ки аз гӯшаю канорҳои мамлакатамон меоянд, тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Мо бо дарки арзиши махсуси мувофиқати меъёри олии таҳсил дар ДДМ ҳамаи тадбирҳоро хоҳем андешид, ки чунин меъёрҳои олии таҳсил дар филиали донишгоҳ низ нигоҳ дошта шаванд. Умед аст, ки роҳбарияти ДДМ ва хусусан ректори он Виктор Антоновичи мӯҳтарам барои фаъолияти самарабахши филиал кӯмаки худро дареғ намедоранд ва озмоишгоҳҳои онро бо воситаҳои техникӣ таъмин намуда, ба кушодани озмоишгоҳҳои нав мусоидат хоҳанд кард. ҳамчунин умедворем, ки донишҷӯёни мо ояндаи наздик дар машғулиятҳои ғоибонаи омӯзгорони ДДМ ширкат меварзанд, ки бешубҳа омили муҳими ҷараёни таълим ба шумор меравад.

Дӯстони азиз!

Тавсиаи муносибатҳои давлатҳои мо таърихи қадима дорад, бинобар ин мо ба қадри дӯстии Тоҷикистону Русия мерасем ва бо он ифтихор дорем. Барои мамлакати мо нигоҳ доштани таҷрибаи муфиди солҳои гузашта ва гузоштани саҳми арзанда барои ҳамкорӣ ва шарокати оянда аҳамияти калон дорад.

ҷиҳати муҳимтарин ва афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Русия, бешубҳа, ҳамкории доманадори гуманитарӣ ва фарҳангӣ мебошад. Чунин ҳамкорӣ дар соҳаи маориф махсусан зарур аст, зеро маҳз дар ҳамин соҳа хусусиятҳои фардии ҳар шахс ва тарҳи воқеии ояндаи муносибатҳои халқҳо ва мамлакатҳои мо ташаккул меёбанд.

Ба ақидаи ман, ҳалли проблемаҳои ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи илм ва технологияи олӣ хеле муҳим аст, зеро ҳамкорӣ, ҳамгироӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои муштарак дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, ба манфиати ҳамагон мебошад.

Бинобар ин кушода шудани филиали ДДМ дар Душанбе дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҳақиқатан рӯйдоди муҳим буда, дар бораи мустаҳкам гардидани равобити фарҳангию гуманитарии мо бори дигар шаҳодат медиҳад. Ба ақидаи ман пешниҳоди кушодани филиали ДДМ – ро дар пойтахти давлати мо дастгирӣ кардани роҳбарияти Федератсияи Русия шаҳодати саҳми умумии мо дар нигоҳ доштан ва тавсиа додани фазои воҳиди маърифатӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

Имрӯз соҳаи маориф ба яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон табдил ёфтааст ва рушди равобити илмӣ ва гуманитарӣ бо Федератсияи Русия ҷузъи муҳимтарини он мебошад.

ҳамкории мо дар ин соҳа ҳанӯз соли 1996, вақте ки дар Душанбе Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кушода шуд, оғоз ёфта буд. Донишгоҳи мазкур дар муддати кӯтоҳ дар байни мактабҳои олии мамлакат мақоми сазовор ишғол намуд. Баъди филиали ДДМ дар Душанбе ояндаи наздик филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва фулузоти омехтаи Маскав кушода хоҳанд шуд.

Ин ҷо ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳанӯз 4 апрели соли 2003 Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беҳтар сохтан ва такмил додани таълим ва омӯзиши забони русӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда буд. 2 декабри соли 2003 дар асоси фармони мазкур барномаи махсуси давлатии амалӣ сохтани он қабул гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон мактабҳои русӣ бомуваффақият кор мекунанд. Таълимот дар ин мактабҳо мувофиқи барномаҳои таълимии Русия буда, китобҳои дарсиеро истифода ме5баранд, ки дар Русия чоп шудаанд.

Соли 2008 дар Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаҳои маориф ва фарҳанг аввалин маркази русии Фонди «ҷаҳони Русия» кушода шуд, ки захираи зиёди адабиёти гуногун дорад.

Шубҳае нест, ки дар Душанбе кушода шудани филиали ин донишгоҳи мӯътабар ба боло бардоштани сатҳи тайёрии кадрҳои имрӯза ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Дар шароити имрӯза Тоҷикистони мустақилу соҳибихтиёр, ки дорои захираҳои бузурги сарватҳои табиӣ ва истеҳсолӣ мебошад ва қисми зиёди онҳо ҳанӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтаанд, ба мутахассисони соҳаҳои гуногун эҳтиёҷи калон дорад. Дастпарварони филиал дар бобати истифода бурдани ин захираҳо нақши муҳим бозида метавонанд.

Мо ба хубӣ дарк менамоем, ки имрӯз дар асри техника ва технологияи нави олӣ мамлакати мо бояд ба илм ва маориф, истифодаи васеъ ва ҳамаҷонибаи дастовардҳои илму техника, технологияи навтарину муосир, тайёр кардани кадрҳо мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.

Мо бо назардошти аҳамияти ин масъалаҳо ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф сол то сол афзунтар сохта, ният дорем, ки вазифаҳои ба миён гузошташударо давра ба давра иҷро кунем. Буҷети соҳаи маориф танҳо дар давоми 5 соли охир чор баробар зиёд карда шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ таъмини рушди самарабахш ва истифодаи қувваи корӣ мебошад.

қайд кардан лозим аст, ки таъмини рушди мақсаднок ва мувофиқати маълумоти касбии онҳо ба талаботи иқтисодии мамлакат масъалаи омӯзиши дақиқ ва ҳамешагии талаботи бозори меҳнатро тақозо мекунад. Дар робита ба вазоратхонаҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Роҳу воситаҳои тайёр намудани кадрҳо бояд пеш аз ҳама ба талаботи бозори меҳнат ва пешрафти минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ вобаста карда шавад. Чунин роҳу воситаҳо бояд ҳар чи зудтар ба шароити имрӯза мувофиқ сохта, мақомот ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ба он сафарбар карда шаванд. ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки захираҳои инсонӣ ва омодагии касбии онҳо ба вусъати имкониятҳои иқтисодии мамлакат ва ҳамроҳ гардидани он ба иқтисодиёти ҷаҳон шароит муҳайё месозанд.

Боварии комил дорем, ки Тоҷикистону Русия зимни ҳамкории доманадор бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор на танҳо нақшаҳои стратегии рушди устувори миллии худро бомуваффақият таъмин мекунанд, балки ҷузъи муҳимтарини муносибатҳо ва ҳамкории самарабахш ва доманадори минтақавӣ ва байналхалқӣ хоҳанд гашт.

Дӯстони азиз!

Лутфан, иҷозат диҳед бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати рӯйдоди фараҳбахши имрӯза табрик намуда, ниятҳои неки худро иброз дорам. Боварӣ дорам, ки донишҷӯёни имрӯзаю ояндаи мо ҳамчун пайравони арзандаи Ломоносов тамоми донишу маҳорат ва қувваи худро барои хизмат ба халқу ватани худ сарф хоҳанд кард.

Ташаккур ба диққататон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520