Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашаовари Федератсияи Русия Виктор Иванов

01.07.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашаовари Федератсияи Русия Виктор Ивановро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ин самти муҳим «намунавӣ» арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб аз афзоиши истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон нигаронӣ доранд ва омодаанд, ки баҳри пешгирӣ аз ин хатар тадбирҳои муштаракро тақвият бахшанд.

Виктор Иванов ҳамчунин ба тадбирҳои Тоҷикистон, ки бо кишварҳои пешрафтаи ғарб дар ин самт анҷом медиҳад, аз ҷумла кушодани Коллеҷи марзбонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе, баҳои баланд дода, чунин сиёсати кишвари моро «намунаи ҳамкории байналмилалӣ» маънидод кард.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520