Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

02.07.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот асосан масоили вобаста ба вазъи кунунии қирғизистон ва омодагӣ ба ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки моҳи август дар шаҳри Ереван баргузор хоҳад гашт, баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба расондани кўмаки фаврӣ ба ҷумҳурии қирғизистон имзо гузошт. Мутобиқи ин санад кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи қирғизистон барои нигоҳдорӣ ва таҳкими амнияту субот дар ҷануби ин кишвар кўмаки моддию техникӣ мерасонанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон, таъсири он ба вазъи минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520