Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

14.08.2018 09:43, шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 14-уми августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Муассисаи таълимии мазкур бо таваҷҷӯҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил, бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Қитъаи замини ҷудогардида барои сохтмони бинои мактаби нав якуним гектар буда, масоҳати умумиаш 9 ҳазору 660 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди чунин як муассисаи наву муосир аз ҷониби Пешвои миллат гузошта шуда буд.

Корҳои сохтмонӣ бошад, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи дониш ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати омӯзгорону хонандагон ба ҳисоб меравад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 дар ду баст барои 3 ҳазору 120 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмуъ бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 61 синфхонаи умумӣ, аз ҷумла 43 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи компютерӣ 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, биология, геграфия ва омодагии  ҳарбӣ мебошад.

Ҳамзамон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ 4 синфхона бо тамоми шароит сохта шуда, дар мактаби нав 2 синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи суруд, 4 синфхонаи таълими меҳнат, дуредгарӣ, дузандагӣ ва қаннодӣ низ амал мекунад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки хонандагон дар баробари донишомӯзӣ ҳамчунин касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд. Дар синфхонаи таълими меҳнат духтарон имкон доранд, ки касби дӯзандагиро аз худ намоянд.  Писарон бошанд, дар синфхонаи таълими меҳнат, ки бо таҷҳизоти нави соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, нозукиҳои касби дуредгариро меомӯзанд.

Китобхонаи Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 192 метри мураббаъ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосир, асарҳои бадеӣ ва китобҳои илмӣ таъмин мебошад.

Ҳамзамон дар мактаби навбунёд китобхонаи электронӣ мавҷуд аст, ки он дорои шароити муосир аст. Барои ба варзиш машғул шудани хонандагон толори барҳавои варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, бунёд карда шудааст, ки хонандагон метавонанд ба обу тоби бадан машғул шаванд. Иншооти муосири таълимӣ ҳамчунин дорои ошхона барои 180 ҷой ва маҷлисгоҳ барои 250 ҷойи нишаст мебошад.  

Барои таъмини беҳатарӣ ва назорати ҷараёни таълим дар дохил ва атрофи бинои муассисаи таълимӣ  қариб 120 адад камераи назоратӣ насб гардидааст.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд. 

Муассисаи таълимӣ ду хати озоди баландшиддат аз зеристгоҳи барқӣ ва 2 зеристгоҳи 1000 киловата дорад. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин намудани синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассисаи таълимӣ он бо хати гармидиҳии мутамаркази шаҳрӣ, инчунин системаи мустақили гармидиҳии муассиса ба се адад дегхона пайваст мебошад.

Дар баробари ин бино бо системаи аз сӯхтор огоҳкунанда  ва бо шабакаи интернет, инчунин системаи радиошунавонӣ таъмин аст. Барои сабзу хуррам гардондани атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд, волейбол ва басткетбол майдончаи муосири варзишӣ ва майдончаи ҳарбӣ сохта шудааст.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешаванд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520