Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатӣ-раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалла

19.07.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ-раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

«Густариш додани муносиботи судманд бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар қитъаи Осиё аст», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ифтитоҳи хатсайри мустақими парвоз миёни шаҳрҳои Душанбею Исломобод баёнгари хислати амалии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон арзёбӣ гардид. Аз баргузории мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 40 нафар аз Покистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, татбиқи саривақтӣ ва босамари санадҳои дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг ва таҳияи Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки барои густариши тиҷорати минтақавӣ зарурати таҳия ва фаъол намудани созишномаи ҳамкории сеҷонибаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон ба миён омадааст.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520