Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса

21.06.2018 11:37, шаҳри Душанбе

21 июн Асосгузури сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитсаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки мақсад аз қабули онҳо татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегӣ мебошад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ин стратегия татбиқи тарҳҳои миллию фаромиллӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сарҳадот, гуманитарӣ, маориф, фарҳанг ва беҳдошти аҳолӣ татбиқ шуда, муколамаи ҷонибҳо дар мавзуъҳои амнияту субот ва ҳуқуқи инсон тавсеа меёбанд.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи ҷалби сармояи Иттиҳод ва иштироки фаъоли он дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, дастгирии буҷети Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодӣ дар доираи Барномаи имконияти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва вазъи амният дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба кумакҳои шарикони рушд, минҷумла Иттиҳоди Аврупо, ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадот дар ин самт ниёз дорад. Дар ин ҷода ҳамкории хуби Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи БОМКА махсус таъкид карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520