Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Саид Муҳаммад Хайрхоҳ

30.07.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Саид Муҳаммад Хайрхоҳро бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти созандаи Саид Муҳаммад Хайрхоҳро дар Тоҷикистон таъкид намуда, дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар партави нақшаю барномаҳои сершумори дуҷонибаю минтақавӣ умедбахш арзёбӣ намуд.

Нақшаю тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон оид ба бунёди роҳу пулҳои минтақавии оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ ва ғайра ба манфиати кулли кишварҳои минтақа маънидод гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дурнамои авзои иҷтимоӣ-сиёсии Афғонистон, ҳамкориҳои сарҳадӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520