Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Теодор Алерс

02.08.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директор Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиётҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои ба номгўйи тадбирҳои Стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистон ҳамроҳ намудани афзалиятҳои кишвари мо ва ҳамчунин барои кўмаку дастгирии намоён баҳри коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ арзи сипос намуд.

Теодор Алерс ва Моту Кониши ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои муҳокимаи масоили вобаста ба сохтмони нерўгоҳи Роғун, ки чанде пеш дар ҳузури роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта буд, иттилоъ дода, аз ҳавасмандии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузарондани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии ин лоиҳа изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкидан изҳор дошт, ки ташхиси лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун бояд дар сатҳе гузаронда шавад, ки ҳеҷ шакку шубҳа ба бехатарии он ба муҳити зист ва низоми обтаъминкунии минтақа боқӣ намонад.

Намояндагони воломақоми Бонки ҷаҳонӣ таъкид доштанд, ки «барои амалӣ намудани ин ҳадаф беҳтарин мутахассисони касбӣ, ки дар тамоми ҷаҳон маъруфанд, ҷалб карда мешаванд».

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба, ки собиқаи қариб бистсола дорад, таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520