Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

12.08.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Академияи кишоварзӣ ва дигар шахсони масъул оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, киштукори такрорӣ, таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ дар моҳи шарифи рамазон, захираи озуқаворӣ ва омодагӣ ба зимистон машварати корӣ доир намуд.

Оид ба рафти иҷрои амру фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ дода шудаанд Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони дигар сохторҳои масъул ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузориш доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрўз ҷамъоварии ғалладона дар мамлакат ба андозаи қариб 75% анҷом ёфта, кишти такрорӣ дар вилояти Суғд дар майдони 50 ҳазор гектар, вилояти Хатлон 90 ҳазор гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 26 ҳазор гектар гузаронда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дурустии ахбори оид ба кишти такрорӣ пешниҳодшуда мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки охирҳои моҳи август ҳолати истифодабарии заминҳои обиро дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рўдакӣ шахсан аз назар мегузаронад, сарфи назар аз он, ки нақшаи кишти такрориро пурра иҷро намудаанд.

Таъкид гардид, ки ҳар ваҷаб замини корам, хусусан заминҳои обӣ бояд пурсамар истифода бурда шавад, то ки бозори истеъмолии мамлакат бештар бо маҳсулоти дохилӣ таъмин шуда, аз таъсири манфии омилҳои берунӣ эмин бошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи баъзе маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар арафаи моҳи шарифи рамазон, изҳори нигаронӣ карда, дастур дод, ки баҳри ба нақша гирифтани талаботи бозор ва мутобиқ ба он муайян кардани майдони кишти ҳар намуди зироат тадбирҳо андешида шаванд. ҳамчунин таъкид гардид, ки барои пешгирӣ аз болоравии сунъии нархи маҳсулот бояд нуқтаҳои фурўш ва шароити дигари зарурӣ барои худи деҳқонон ва дигар истеҳсолкунандагон муҳайё карда шавад, аз ҷумла бевосита дар маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахт ва дигар шаҳрҳои калони мамлакат.

Аз он, ки майдони бештари кишти такрориро шолӣ, ҷуворимакка, лўбиёгиҳо ва дигар анвои ғалладонагиҳо ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз афзоиши майдони кишти картошка ва болоравии ҳосилнокии он низ қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Бо назардошти мушкилоти мавҷуда дар бозорҳои озуқавории ҷаҳонию минтақавӣ таъкид гардид, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи хўрокворӣ дошта бошад.

Дастур дода шуд, ки тухмии хушсифати ғалладона, картошка ва дигар зироатҳо ба қадри кофӣ захира карда шавад.

Роҳбарони сохторҳои Академияи кишоварзии мамлакат вазифадор шуданд, ки робитаи доимӣ ва ҳамкории босамари олимону мутахассисони соҳаро бо деҳқонону дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд.

Ба роҳбарони ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ваҳдат дастур дода шуд, ки оид ба беҳ намудани таъминоти пойтахт бо тухму гўшти мурғ чораҳо андешанд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба зимистон, захираи озуқаворӣ, маводи сўхт, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо ангишт, фаъол намудани нуқтаҳои фурўши гази моеъ ва ангишт дар маҳалҳои сераҳолӣ, таъминоти барқу газу гармӣ ва гузаштани пурра ба лампаҳои каммасрафи барқӣ зоҳир карда шуд.

Дастур дода шуд, ки барои пурра ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаштан чораҳои муассир андешида шаванд, аз ҷумла барои ба таври ройгон таъмин намудани оилаҳои камбизоат бо онҳо. Ба соҳибкорону тоҷирон ва дигар мардуми саховатпеша маслиҳат дода шуд, ки ба оилаҳои камбизоат ба ҳайси фитри рўза лампаҳои каммасраф тақдим намоянд ва таъкид гардид, ки савоби ин кор аз кўмакҳои яквақтаи пулӣ ё маводи ғизоӣ бештар хоҳад буд.

Ба раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт ҳамчунин оид ба вусъат додани корҳои ободонӣ, таъмири роҳҳо, таъмини тозагӣ дар кўчаю хиёбонҳои шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки барои таъмини фаровонӣ ва арзонӣ дар бозори истеъмолӣ, хусусан дар моҳи шарифи рамазон бояд тамоми имкону захираҳо истифода карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520