Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил

15.08.2010 10:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Хонуми Олиҷоҳ,

Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми Ҳиндустонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвари дўст самимона табрик ва таҳният гўям.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанўз аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ пайдо карда, дар тўли солҳои минбаъда барои ҳарду ҷониб натиҷаҳои хубу назаррас ба бор оварданд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бо суръати бештар рушду тавсеаи пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳими таъмини сулҳу субот ва густариши фазои солими ҳамкории созанда дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошанд, саъю кўшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Бо ибрози беҳтарин орзуҳо, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дўсту фарҳангпарвари ҳиндустон сулҳу субот, шукуфоӣ ва саодатро хоҳонам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520