Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳиҷозӣ

27.03.2012 13:00

Зимни суҳбат бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳиҷозӣ ҳолати кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ду кишвар доир ба рушди ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории дуҷониба, ки дар зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд.

Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва густариши робитаҳои судбахш зарур шумурда шуд.

Ба идомаи раванди анъанавии бозомӯзиву касбомӯзии коршиносони тоҷик, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи кӯмаки Бунёди мисрии ҳамкории техникӣ сурат мегирад, ҳавасмандӣ таъкид гардид.

Ҳавасмандии зиёд, ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, дорусозӣ ва ғайра зоҳир гардид.

 
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520