Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин

26.04.2018 10:11, шаҳри Душанбе

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо аз самти тамоюлҳои мусбии ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари бобарори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаро, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба даст омад, баҳри идомаи якҷояи кор оид ба татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани бастаи санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла “Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар” - ро, махсус таъкид намуданд.

Зимни мулоқот инчунин масъалаи баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар доираи ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар он рушди маҷмӯии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мегардад, муҳокима карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, диверсификатсияи тиҷорат миёни ду кишвар, рушди муносибатҳои байни минтақаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва саноати сабук, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва туризм, кишоварзӣ, инчунин дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои алоқа, нақлиёт, транзит, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳсилоти олӣ, аз мавзуъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳм ва нақши Ҷаласаи охирини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои идомаву тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба хотири аз байн бурдани тамоми монеаҳои роҳи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520