Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 15-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон

03.09.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Мўҳтарам афсарону аскарони
Гвардияи миллӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрўз ба таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад, понздаҳ сол пур мешавад.

Ба ин муносибат ҳамаи афсарону сарбозон ва ҳайати шахсии гвардия ва дар симои онҳо тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро шодбош гуфта, дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф, яъне ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва пуштибонии амнияту оромии ҷомеа барору комёбиҳо орзу менамоям.

Мафҳуми гвардия ё гвардияи миллӣ, ки ҳамчун воҳиди махсуси ҳарбӣ шинохта мешавад, аз истилоҳи қадимаи тоҷикии «гурд» падид омадааст. Мафҳуми таърихии «гурд» дар луғатномаву фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ маънои паҳлавону ғаюр, баҳодуру шуҷоъ ва ватанпарвару инсондўст, инчунин хислатҳои футуввату ҷавонмардиро ифода месозад. Тимсоли гурдону гурдофаридон дар асарҳои ҳамосии адабиёти оламшумули мо, бахусус «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Абўмуслимнома» ва осори дигар ба таври возеҳу барҷаста тасвир шудааст.

Аз таърих маълум мегардад, ки дастаи гурдон аз сафи сарбозону афсарони намунавию яккачин интихоб шуда, масъулияту рисолати худро ҳамчун ҷавонмардони фидоиву меҳанпараст дар ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи сардори давлат, роҳбарони сатҳи аввал, садорати ҳарбии кишвар ва таъмини амнияти давлат адо мекарданд. Аз ин рў, бо мурури замон дастаи гурдон ҳамчун воҳиди махсусу яккачин ва имтиёзноки лашкар, яъне гвардия номгузорӣ шуда, дар ҷабҳаи артиш корнамоиҳои бемисл нишон медоданд.

Аз ин тафсири кўтоҳи таърихӣ чунин бармеояд, ки гвардиячиён бояд бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрати дигарон бошанд.


Ба ҳамин маънӣ, имрўз ҳам таъмини амнияти миллату давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва тақвияти нерӯи мудофиавии он, аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддас, пурифтихор ва пуршарафи шумо - хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ мебошад.

Ин рисолати бузург ва масъулияти муқаддасро дар сурате сарбаландона и?ро кардан имконпазир аст, ки пеш аз ҳама моҳияти мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати истиқлолияти давлат?, ҳувияти милл? ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби ҳар як хизматчии ҳарбии гвардия амиқан дарк ва эҳсос гардад.
Гвардияи миллӣ, ки қаблан Гвардияи президентӣ ном дошт, аслан зодаи истиқлолияти давлатии То?икистон мебошад. Ин воҳиди махсуси ҳарбӣ аз оғози таъсисёбӣ, яъне аз соли 1995 то ба имрўз роҳи душвору пуршарафро дар ҷараёни ташаккулёбии худ сипарӣ намуда, ҳоло ба сохтори муташаккил ва муназзаме табдил ёфтааст, ки барои и?рои вазифаҳои душвору масъулиятноки ҳифзи манфиатҳои Ватан қодир мебошад.
Ҳарчанд дар солҳои аввали истиқлолият вазъи сиёсии мамлакат ниҳоят вазнину бӯҳронӣ ва имкониятҳои иқтисодии давлати тозаистиқлоламон хеле маҳдуд буданд, вале мо гвардияро ҳамчун рамзи давлату давлатдории миллӣ амалан дар ҷои холӣ ва бо дарназардошти нишонаҳои таърихии ниёгонамон таъсис додем.

Дар солҳои минбаъда бо мақсади ислоҳоти куллии соҳаи низомии кишвар як силсила тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, ки дар натиҷаи татбиқи онҳо сохтор ва моҳияти Гвардияи миллӣ ба талаботи замон мувофиқ гашта, имр?з он ба як ниҳоди ҳарбии таъиноти махсуси ҳозиразамон ва воҳиди муҳимтарини ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлат табдил ёфтааст.

Хизмат кардан ба Ватан моҳиятан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ба ин хотир ҳимоя кардани марзу буми аҷдодӣ, тамомияти арзии кишвар, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, кўшишу ғайрат барои зиндагии орому осудаи наслҳои оянда ва ободии рўзгори шаҳрвандони мамлакатро дорад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон ба сафи қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ, мактаби мукаммали ҳаёт аст, ки ба онҳо дарси ҷавонмардиву шуҷоат медиҳад ва ҷисману рўҳан обутоб мебахшад.

Имрўз шумо-гвардиячиён бояд бо рафтору одоб ва интизоми қатъӣ, инчунин садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмат ба Ватан ҳомии воқеии давлату миллат ва посбону посдори ҳаёти орому осудаи ҷомеа будани худро амалан собит намоед.

Бояд гуфт, ки қарзи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан аз адои хизмати содиқонаву софдилонаи хизмати ҳарбӣ, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар, хулоса гузаштани мактаби мардонагӣ дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Бесабаб нест, ки хизмати ҳарбиро мактаби далерию шуҷоатмандӣ ва мардонагӣ меноманд.

Тавоноии давлат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбии бонангу номус, бахусус хизматчиёни ҷавону нерўманди Гвардияи миллӣ масъулияти баланд, риояи қатъии тартибу интизом, сатҳи баланди маҳорату маърифатнокӣ, салоҳияти касбӣ, зиракии сиёсӣ ва дасту дили покро тақозо мекунад. Аз ҷониби дигар, ин хизматчиён бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки халқу Ватан ба садоқати онҳо бовар карда, барояшон вазифаҳои масъултарину муҳимтарини давлатиро супоридааст.

Ба ин маънӣ, хизмат дар Гвардияи миллӣ - хизмати муқаддас ва бошарафона буда, аз фарзиёту воҷиботи инсонӣ, муқаддасоти миллӣ ва давлатдории мустақилона сарчашма мегирад.

Ҳозирини гиромӣ!

Гвардияи миллӣ ҳанўз аз оғози таъсисёбӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, инчунин ҳимояи сохти конститутсионӣ ва дастоварҳои истиқлолият хизматҳои шоиста кардааст.

Ҳукумати мамлакат барои мустаҳкам намудани нерўи мудофиавии қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Маҳз бо дастгириву ғамхории давлат ва ҳукумат қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, алалхусус воҳидҳои таъиноти махсус соҳиби техника ва воситаҳои замонавии пешбурди амалиёти ҷангӣ гардида, дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Инчунин таъмиру нигоҳдории доимии техникаи ҳарбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, нуқтаҳои ташхис ва таъмири онҳо мувофиқи талаботи имрўза мебошанд. ҳамзамон бо ин, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои дўст қисму воҳидҳои гвардия ва дигар сохторҳо бо муҳиммоту лавозимоти ҳарбии замонавӣ таъмин карда шудаанд.

Вале бо вуҷуди ин, зарур аст, ки бо дарназардошти вазъияти воқеӣ ва имкониятҳои кунунии Гвардияи миллӣ иқтидори воҳидҳои зудамалкунандаи он таҳким бахшида шавад.

Чунки Гвардияи миллӣ ҳамчун ҳомии истиқлолият, такягоҳи давлат ва кафили бехатарии ҷомеа дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, амалҳои террористӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои имрўза қарор дорад ва дар ин самт ба дўши он масъулияти бениҳоят мураккаб, душвор ва ҳассос гузошта шудааст.

Дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ, ки солҳои охир босуръат идома дорад, як силсила зуҳуроти барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарноку номатлуб, аз ҷумла терроризм ва эктремизм, ҷинояткории трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир торафт қувват гирифта, боиси ташвиши ҷиддии аҳли башар гардидаанд.

Имрўз, яъне дар шароити торафт такмил ёфтани амалиёти гурўҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ зарурате пеш омадааст, ки усулҳои мубориза бар зидди онҳо низ такмилу сайқал дода шавад ва шаклу воситаҳои наву фаврии пешгирии ҷиноятҳо истифода гардад. Зеро ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иқтисодиву иттилоотӣ тамоюл ва шаклу усулҳои наве касб мекунанд, ки пешгирии онҳоро торафт душвортар мегардонад.

Дар чунин шароит шумо–хизматчиёни ҳарбии гвардия бояд маҳорати касбӣ, дониши амалӣ ва малакаи ҷангии худро доимо баланд бардоред, аз таҷҳизоти наву техникаи замонавии ҳарбӣ моҳирона истифода бурда тавонед, усулу тактикаҳои нави муборизаро корбаст намоед.

Барои ин пайваста аз машқу таълимоти тактикӣ, машқҳои муштараки фармондеҳиву ситодии сохторҳои низомии кишвар фаъолона ширкат варзида, ҳамкориву ҳамоҳангии фаъолияти худро бо дигар ҷузъу томҳои қувваҳои Мусаллаҳ таҳким бахшед. Махсусан, машқе, ки соли 2005 дар машқгоҳи гвардия, воқеъ дар ноҳияи Турсунзода баргузор гардид, аввалин амалиёте буд, ки бо забони давлатӣ ҷараён гирифт. Дарвоқеъ, донишу маҳорати касбии гвардиячиён дар машқи мазкур бо забони давлатӣ шоёни таҳсин буд.

Бояд гуфт, ки хизмати содиқона ва фидокориву корнамоиҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ аз оғоз то ба имрўз аз ҷониби ҳукумати мамлакат қадрдонӣ гардидаанд. Барои хизматҳои шоёнашон 195 нафар афсарону сарбозони сохтори мазкур бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дастгирии ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар чандин шаҳру ноҳияҳои мамлакат якчанд биноҳои бисёрошёна сохта ё таъмир карда, ба ихтиёри хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ва аъзои оилаи онҳо дода шуданд.

Ҳамчунин бинои шифохонаи деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рўдакӣ ба тавозуни Гвардияи миллӣ гузаронида шуда, бо кўмаку дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон пурра таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид.

Бо дарназардошти вазъи бўҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини беҳтари хизматчиёни ҳарбӣ бо маводи ғизоӣ дар Гвардияи миллӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасон» фаъол гардид, ки ба кишти ғалладона, сабзавот, картошка, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошад.
Барои ҳарчи беҳтар таъмин кардани ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ зарур аст, ки истифодаи самараноки заминҳои вобастакардашуда ба роҳ монда шавад ва захираи ҳаҷми зарурии маҳсулот таъмин карда шавад.

Ин ҳама дастгирию ғамхориҳои давлату ҳукумат хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллиро водор менамояд, ки барои баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, садоқат ба Ватан ва мардуми кишвар, риояи Конститутсия ва иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пуршарафи худ дучанд сайъу кўшиш намоянд.

Зеро хизмати ҳарбӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ - хоҳ афсар бошаду хоҳ аскари қаторӣ, пеш аз ҳама интизоми қатъӣ ва риояи ҳатмии тартибу низоми ҳарбӣ, поквиҷдононаву бенуқсон иҷро намудани ўҳдадориҳои хизматиро талаб менамояд.

Вале таҳлилу санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари дастоварду пешравиҳо дар бобати риояи қонуният, талаботи оиннома, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ, инчунин пешбурди корҳои тарбиявӣ ҳанўз ҳам баъзе норасоиҳо ба назар мерасанд.

Аз ҷумла, дар баъзе қисму воҳидҳо корҳои тарбиявӣ ба талаботи Оинномаи интизомӣ ҷавобгў нест ва ин яке аз сабабҳои содир шудани ҷинояту қонуншикани?о аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Аз ин рў, ба роҳбарияти Гвардияи миллӣ зарур аст, ки дар бобати пурзўр намудани риояи қонуният ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизому ўҳдадориҳои низомӣ ва баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ чораҳои муассир андешад.

Ҳамчунин ба Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ҳайати роҳбарикунандаи он бори дигар таъкид мегардад, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, малакаи касбии хизматчиёни харбӣ, вусъат додани тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар рўҳияи садоқат ба Ватан, ифтихори ватандорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносву худогоҳӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ва зуҳуроти коррупсионӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Дар шароити имрўза тарбияи кадрҳои дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ, поквиҷдону ватандўст, баландихтисосу забондон, бо таҷҳизоту техникаи навтарин таъмин кардани қисму воҳидҳои гвардия аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳайати фармондеҳии он мебошанд.

Дўстони гиромӣ!

Имрўзҳо мардуми шарафманди кишварамон ба таҷлили шоистаи ҷашни муқаддасу таърихии халқамон - нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.

Шумо - муҳофизони ватани азизамон ҳоло имкон доред, ки дар чунин марҳалаи созандагии кишвари соҳибистиқлоли худ дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва суботи мамлакат садоқати хешро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон бо хизмати шоиста бори дигар собит созед.

Зеро дар таҳкими истиқлолият ва давлату давлатдории навини тоҷикон аз ҳар кадоми мову шумо дарки масъулияти бузург, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ тақозо мегардад.

Имрўз ба ифтихори 15-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллӣ ба ҳайати шахсӣ ва отряди таъиноти махсуси он байрақҳои ҷангӣ супорида мешаванд. Байрақи ҷангӣ рамзи ифтихор, нишонаи шуҷоат ва шаъну шарафи ҳарбӣ ва баёнгари қарзи муқаддаси хизмати садоқатмандона ба Ватан-Модар мебошад. Ин парчамҳои муқаддаси ҳарбӣ, ҳар як афсару сарбози қаториро водор месозанд, ки ҳар як ваҷаб хоки ишвари азизамонро қаҳрамонона ва мардонавору ҳушёрона муҳофизат намояд ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ надорад.

Шумо - гвардиячиён, аз афсарони баландрутба сар карда, то аскарони қаторӣ бояд бо донишу маҳорати касбӣ, садоқат ва ҷасорати ҳарбӣ, риояи одоби хизматӣ ҳамеша намунаи ибрат бошед. Зеро шумо тимсоли нерўи мудофиавии кишвар буда, ба мақому мартабаи давлат аз сатҳу сифати хизмати ҳарбии шумо баҳо дода мешавад.

Шумо бояд муҳофизони боэътимоди амнияти давлату миллат ва манфиатҳои мардум бошед. Шумо бояд фаъолияти хизматиро тавре ба роҳ монед, ки ҷавонони мо ба хизмати аскарӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан бо ифтихори миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватандўстӣ ва адои содиқонаи қарзи фарзандӣ муносибат намоянд.

Бовар дорам, ки шумо дар баробари иҷрои бомуваффақияти рисолати хизматии худ бошишгоҳҳои кору зиндагӣ ва шаҳраки ҳарбиатонро боз ҳам ободу зеботар гардонида, ҷашни бузург ва муқаддаси 20-солагии истиқлолиятро бо дастовардҳои назаррас ва омодагии ҷиддӣ истиқбол менамоед.

Итминони комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша пос медоранд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд.

Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 19-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатӣ ва 15-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ ва рўзгори обод орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520