Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимиии Палатаи намояндагони Япония оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Мунэо Судзуки

03.09.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Японияро, ки таҳти сарварии Раиси Кумитаи доимиии Палатаи намояндагони Япония оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Мунэо Судзуки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи рушдёбандаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.

«Япония шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар қитъаи Осиё аст», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки ба ҳам наздик будани мавқеи сиёсии Тоҷикистону Япония доир ба масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ заминаи хуб аст барои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба.

Аз рафти татбиқи амалии барномаи муколамаи «Осиёи Марказӣ - Япония» ва дигар ҳамкориҳои судбахш изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, ки ҳамчунин ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон нигаронда шудаанд, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои зиёди Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, омодасозии кадрҳо ва роҳсозӣ, аз ҷумла дар навсозии роҳи мошингарди бо Афғонистон пайвасткунанда ба ҳукумати ин кишвар арзи сипос намуд.

Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон лоиҳаҳои сершумори дигар, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард татбиқ шуда, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар ин минтақаи фарох мусоидати фаъол мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520