Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кўмаки башардўстона ба мардуми аз обхезии шадид осебдидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон

04.09.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори ҳукумати мамлакат дастур дод, ки барои дастгирии мардуми аз обхезии шадид осебдидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кўмаки башардўстона равон намоянд.

Тибқи дастури Сарвари давлат кўмаки башардўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дўсту бародари Покистон аз 80 тонна маводи ғизоӣ, 100 хайма, 1000 маҷмўъ либоси кўдакона, 1300 адад кўрпаю болопўш ва асбобу ашёи дигари рўзгор иборат хоҳад буд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар натиҷаи обхезиҳо дар Покистон 1 миллиону 200 ҳазор хонаҳо хароб гашта, беш 1,5 миллион нафар осеб дидаанд, зиёда аз 1700 нафар ҳалок гашта 2632 кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Би иттилои сарчашмаҳои ҳукуматии Покистон, хисороти иқтисодии ин офати табиӣ баробар ба 23 миллиард доллари амрикоӣ аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520