Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбари нави Бахши Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Тодди Шнайдер

14.09.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари нави Бахши Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Тодди Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили татбиқи амалии барномаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ дар нимсолаи якуми соли равон, нақшаҳо барои нимсолаи дуюми имсол ва соли 2011 баррасӣ шуд.

Аз афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки бо вуҷуди идомаи таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои номатлуби берунӣ дар 8 моҳи соли равон 6,1% - ро ташкил додааст ва дар сатҳи 4,8% нигоҳ дошта шудани таваррум изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба гуфти Тодди Шнайдер, «нишондодҳои макроиқтисодии имсолаи Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин кишвар тадриҷан аз бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ берун шуда истодааст».

Ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520