Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири Давлати Қатар доир ба масоили байналмилалӣ Холид ал-Атийя

17.09.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири Давлати Қатар доир ба масоили байналмилалӣ Холид ал-Атийяро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Давҳа– пойтахти Қатар дар ҳузури сарони ду давлат ба имзо расида буданд, баррасӣ шуд.

Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «Қатар аз давлатҳое аст, ки ба масоили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкории иқтисодӣ бо кишвари мо таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намудааст. Аз ин хотир мо ба муносибатҳои дўстию ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба назари наку дорем».

Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили лоиҳакашӣ ва бунёди Масҷиди ҷомеъи Душанбе, ки калонтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хоҳад буд ва шаҳраки муосири Диёри Душанбе дар пойтахти кишвари мо зоҳир карда шуд.

Дар Масҷиди ҷомеи Душанбе, бо назардошти пешниҳодоти иловагии Сарвари давлат, барои 105 ҳазор нафар намозгузорон ҷой мешавад, 25 ҳазор дар дохили бинои масҷид ва 80 ҳазор дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи он. Шаҳраки муосири Диёри Душанбе бошад, иборат аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои савдо ва мавзеъҳои фароѓат ва сайру гашти оммавӣ хоҳад буд.

Интизор меравад, ки барои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо дар дурнамои миёнамўҳлати ҳамкорӣ аз ҷониби Давлати Қатар дар Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад.

Зимни сўҳбати пурмўҳтаво тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону қатар зарур шумурда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520