Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи фоҷеабори ҳуҷуми мусаллаҳона ба автомошинаи сарбозони Артиши миллӣ

19.09.2010 21:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи фоҷеабори ҳуҷуми мусаллаҳона ба автомошинаи сарбозони Артиши миллӣ, ки нимаи рўзи 19 – уми сентябр дар ноҳияи Рашт рух додааст, андўҳгин буда, ба волидону наздикони нафарони дар ин воқеа ҳалокшуда, изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри иштирок дар Иҷлосияи 65 – уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шудааст, ба Вазорати дифоъ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супоришҳои қатъӣ дод, ки тибқи он гурўҳи ҷиноятпешаи ба ин кори нангин дастзада бояд дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат айни ҳол ниҳодҳои қудратии мамлакат баҳри таъмини амнияту субот ва зиндагии осоиштаи мардум чораҳои муассир амалӣ менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520