Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳ

16.10.2017 15:49, шаҳри Душанбе

Дар Кохи Сомон ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, барои мулоқот ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи Африкаро самти дорои дурнамои нек барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ карданд ва омодагии Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои он, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания изҳор доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо ва тарҳрезӣ намудани рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.  

Зимни муҳокимаи ҳамкорӣ дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои  махсуси он ҷонибдории иқдомҳои ҳамдигар, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза равона шудаанд, махсус таъкид карда шуд. Ҷумҳурии Исломии Мавритания дар қатори дигар кишварҳо ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро дар хусуси қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” фаъолона пуштибонӣ намудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуъҳои муҳими барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520