Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, Котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.