Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

15.10.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро оид ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 9 моҳи соли равон ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистони солҳои 2010-2011 шунида, дар назди онҳо доир ба вусъат додани корҳо ва бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки нақшаҳои тасдиқшуда оид ба афзоиши маҷмўи маҳсулоти маҳаллӣ, ҷамъоварии пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва корҳои созандагию ободонӣ муташаккилона идома доранд. ҷамъоварии ғалладонагиҳо ба поён расида, ғундучини картошкаю меваҷот, ки ҳосили фаровон доранд, ҳанўз анҷом наёфтааст.

Чунонки аз ҳисоботҳо маълум шуд, дар самти омодагӣ ба зимистон низ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт омодагии хуб гирифтаанд. Ба қадри зарурӣ ангишту дигар маводи сўхт дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ захира шуда, нуқтаҳои доимӣ ва сайёри фурўши ангишт ва гази моеъ низ фаъол мебошанд.

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои пахтакор аз ҳосили фаровони пахта ва зироатҳои кишти такрорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки нақшаҳои муайяншуда бояд барзиёд иҷро шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаҳо, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии маҳалҳои аҳолинишин ва тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ риояи ҳатмии қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қатъиян талаб намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520