Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Белгия Питер де Крем

16.10.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Белгия Питер де Кремро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия ва авзои минтақа баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ аз сатҳи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари натиҷаҳои сафари расмии порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Белгия ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳарду ҷониб ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва поксозии ҳудуду марзҳои Тоҷикистонро аз мина ва дигар маводи тарканда густариш хоҳанд дод.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоию амниятии ду кишвар низ густариш ёфта, ба таҳкими оромию субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон мусоидати фаъол менамоянд.

Дар робита ба авзои Афғонистон иқдомҳои ахири ҳукумати ин кишвар дар бобати ҷустуҷўи роҳҳои сиёсии ҳалли қазия, бахусус таъсиси Шўрои сулҳ бамаврид арзёбӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории ҳамаҷиҳатаи худро ба чунин тадбирҳои судбахши ҳукумати Афғонистон бараъло намоиш диҳад, зеро бе дастгирии ҳамаи мо ноил шудан ба коҳиши хатар аз ин кишвар амри муҳол аст”.

Питер де Крем ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.
Зимни баррасии роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъии дар роҳи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ эҷодгашта Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки Белгия чун кишвари соҳибнуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ ва ба хусус бо имконоти раёсати худ дар Иттиҳоди Аврупо барои рафъи ин ҳолатҳои номатлуб саҳми намоён мегузорад.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро доир ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520