Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон

20.10.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки бо роҳбарии Ҳусейн Ҳошимиён,- вакили Маҷлиси Шўрои Исломии ин кишвар ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоќот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

«Муносибатҳои дўстонаи мо хислати мунтазам, ҳадафманд ва таќрибан фарогир пайдо намуда, ба манфиатҳои олии ҳарду кишвар беш аз пеш созгору ҷавобгў мешаванд», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. ҳамзамон таъкид гардид, ки «ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҳанўз имконоти истифоданашудаи зиёд дорад ва барои мавриди баҳрабардорӣ ќарор додани онҳо наќши парлумонҳои ду кишвар басо муҳим аст».

Бо ќаноатмандӣ зикр гардид, ки «солҳои охир Тоҷикистону Эрон дар муносиботи иќтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорию техникии худ ба марҳилаи ҳамкории бунёдии стратегӣ ворид шудаанд».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимистони ҳамин сол чархи якуми нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 ба кор дароварда мешавад ва дар ояндаи наздик бо ҳамдастии дуҷониба бунёди дигар нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон низ оғоз меёбад.

Зимни баррасии масоили ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон таъкид гардид, ки корҳо баҳри пайвастани шабакаҳои энергетикӣ, наќлиётию коммуникатсионии се кишвар бояд вусъат дода шаванд.

Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, пеш аз ҳама ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардумони се кишвар ва таҳкими амнияту субот дар минтаќа равона мебошад.

Зимни сўҳбати ошкору созанда Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари муносиботи дўстона ва ҳамкории гуногунҷанба таъйид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520