Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ

28.10.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат, пеш аз ҳама, аз имкони мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои панҷгона - Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва Чину Қирғизистон, ки дар асоси мувофиқатҳои қаблии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бо хушҳолӣ зикр гардид, ки барномаи пайвастани роҳи оҳани бунёдшавандаи Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон бо роҳҳои оҳани Қирғизистону Чин дар чаҳорчўбаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ пуштибонӣ пайдо карда, асосноксозии техникию иқтисодии он бо ҷудо гаштани 1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфтааст.

Аз ҷониби Бонки рушди Осиё барои анҷоми имконсанҷии техникӣ - иқтисодии қисмати афғонистонии ин роҳ, ки қитъаи аз ҳама тўлонӣ ва муҳими он аст, беш аз 1 миллиону 250 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудан низ боиси қаноатмандӣ маънидод гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба нақши стратегии ин роҳ дар болобарии имконоти транзитии Тоҷикистону Афғонистону Эрон изҳор дошт: «Кишварҳои мо набояд танҳо мунтазири сармоягузории байналмилалӣ бошанд, зеро мо метавонем тибқи барномаи санҷида, қадам ба қадам қисмати муҳими ин роҳи оҳанро дар солҳои наздиктарин бо нерўи худ бисозем».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки «барои татбиқи ин барнома дар қаламрави Тоҷикистон се лоиҳаи сармоягузорӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳани Душанбе – Қурғонтеппа, Румӣ - Панҷи Поён ва Ваҳдат – Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон) таҳия гашта, барои татбиқашон низ тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд».

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки баҳри оғози татбиқи ин барнома дар дигар кишварҳои панҷгона, аз ҷумла Афғонистон низ чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи ин барнома мавриди дастгирии ниҳодҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ қарор мегирад.

Хотиррасон бояд намуд, ки дарозии умумии хатти роҳи оҳане, ки Эрону Афғонистонро - тавассути Тоҷикистон - бо Қирғизистону Чин мепайвандад, 2 ҳазору 260 км буда, маблағи бунёди он, тибқи ҳисоби пешакӣ, тақрибан 3,2 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520