Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд

01.11.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Саудро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва густариши ҳамкории судманд баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи олӣ, фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ» дар муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем».

Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва сафорати кишвари худро дар шаҳри Душанбе нишона аз ибтидои марҳилаи рушди бештари муносиботи дуҷонибаи ду давлати дўст арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Арабистони Саудӣ омода аст, ки бо Тоҷикистон дар ҳама самту арсаҳо, ки худи ин кишвари дўст мехоҳад, ҳамкории судбахш дошта бошад».

Зимни сўҳбат хотиррасон гардид, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар 10 соли охир барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористон ва роҳҳо дар ҳаҷми умумии 265 миллион доллари амрикоӣ кўмакҳои молиявӣ расонда шудаанд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ зоҳир карда шуд. ҳамкории сармоягузорӣ дар самтҳои сохтмони нерўгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кўҳӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кўҳӣ низ манфиатбахш номида шуд.

Барои ин баргузор намудани ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ба имзо расондани созишномаҳои дуҷониба дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя, оид ба ҳамкориҳо дар бахши туризм ва қарздиҳӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷўҳи ду ҷониб гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520