Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев

03.11.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барои марги бармаҳалли корманди намоёни давлатии ин кишвар Виктор Черномирдин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои шоёни Виктор Черномирдин дар дохил ва хориҷи кишвараш ҳангоми адои вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар солҳои вазнини 90 – уми асри гузашта ёдовар шуда, ба нақши ў дар ташкили давлати навини демократии Русия ва иқтисоди бозории он баҳои баланд додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши Виктор Черномирдинро дар арсаи минтақа ва ҷаҳон низ намоён арзёбӣ карда, доир ба саҳми ў дар густариши муносибот бо Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳор дошт: - «Дар кишвари мо саҳми бузурги Виктор Степановичро дар таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия ҳамеша дар ёд доранд. Мо доимо, хусусан дар солҳои вазнин, кўмаку дастгирии беғаразонаи ўро эҳсос мекардем».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев хоҳиш намудааст, ки ҳамдардии самими ўро ба аҳли хонавода ва наздикони шодравон бирасонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520