Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзер

03.11.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзерро ба ҳузур пазируфт.

“Мо Британияи Кабирро яке аз шарикони муҳими худ дар Аврупо мешуморем ва ҳавасмандем, ки муносибатҳои мо бемайлон рушду густариш ёфта, соҳаҳои гуногунро фаро бигиранд”- изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз барпо шудани заминаи хуби қарордодӣ – ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва чанде аз кишварҳои аврупоӣ қаноатмандӣ зоҳир намуда, изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкории наздик бо Британияи Кабир низ ба роҳ монда мешавад.

Дар робита ба вазъи Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти сулҳҷуёнаи ҳукумати ин кишвари азияткашида, аз ҷумла таъсиси Шўрои сулҳ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки “давлатҳо ва созмонҳои мададрасони Афғонистон дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти он бояд аз имконоти иқтисодию зербиноӣ ва нерўи башарии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон васеъ истифода баранд ва мо барои ин ҳамаҷониба омодаем”.

Симон Фрайзер дар робита ба ин мавзўъ изҳор намуд: - “Британияи Кабир нақши Тоҷикистонро дар бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи мардуми Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо он густариш диҳад, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод ва савдо ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва ҳамлу нақл”. У ҳамчунин изҳор дошт, ки “Британияи Кабир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика афзалияти бештар хоҳад дод”.

Барои ба сатҳи матлуб баровардани муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Британия Кабир ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, мубодилаи афкор дар масъалаҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъсиси заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф, бахусус иқтисод ва савдо аз вазифаҳои аввалиндараҷа номида шуд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520