Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ҳукумати мамлакат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили омодагӣ ба мавсими зимистон ва тезондани киштукори тирамоҳӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба зимистон, аз ҷумла таъмини мардум бо газу гармӣ ва нерўи барқ, хусусан муассисаҳои таълимию тандурустӣ, сариштакорона истифода бурдани нерўи барқ ва ҳамчунин босамар истифода кардан аз рўзҳои офтобӣ барои тезондани киштукори тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.