Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

25.11.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурўъ кард, иштирок ва суханронӣ намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш Раиси ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин, Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен ҷибао, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов, Муовини сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Ботир Хоҷаев, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ, Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушил Кумар Шинде, Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Гомбожавл Зандамшатарм, Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол ташриф овардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва даъватшудагонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба онҳо кори пурсамар ва будубоши гуворо таманно намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабулшаванда барои таҳкими минбаъдаи обурўю нуфузи Созмони ҳамкории Шанхай дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳим хоҳанд гузошт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчўби ин созмони бонуфузи минтақавӣ андешаронӣ карда, аз ҷумла оид ба тавсиаи ҳамгироӣ дар самтҳои амният, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, муносиботи бонкӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, туризм ва ғайра пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

«Тоҷикистон ҳамеша баҳри таҳкими ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай дар асоси эҳтироми ҳамдигарӣ, баробарӣ ва эътибор ба манофеи ҳамдигар саҳми намоёни худро мегузорад».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520