Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

08.05.2012 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ машварати корӣ анҷом дод.

Доир ба ин мавзӯъ ва рафти иҷрои корҳо нахуст ахбори роҳбарони вазорату идораҳои иқтисод ва рушди савдо, молия, корҳои дохилӣ, нақлиёт, идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, суғуртаи давлатӣ, бонки миллӣ ва ғайра шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматиро вазифадор намуд, ки тамоми таклифу пешниҳодҳо ва таҷрибаи кишварҳои дар ин самт пешрафтаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, дар муҳлати як моҳи оянда лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав омода намояд.

Таъкид гардид, ки натанҳо шумораи андозҳо, балки вазни умумии қиёсии онҳо низ бояд кам карда шавад ва дар баробари ин бо дарёфти сарчашмаҳои нав ва афзун намудани шумораи андозсупорандагон даромади буҷети давлатӣ пурра таъмин гардад. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кор бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки андозсупорандагон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, даромадҳои воқеии худро пинҳон надоранд, ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро афзун намуда, дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузориашонро зиёд намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки расмиёти маъмурии соҳа содда гардонда шуда, механизми «Равзаи ягона» ва ҳисоботдиҳии электронӣ васеъ ҷорӣ карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520