Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё

02.03.2017 19:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия табрику таҳният мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки  тайи ин давра кишварҳои мо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила равобити ҳасана ва ҳамкориҳои судманди байнидавлатиашонро ба роҳ монда, ҷиҳати рушди онҳо пайгирона талош меварзанд.

Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳарчи бештари муносиботи дӯстонаи миёни ду кишвар буда, таъкиди омодагӣ менамояд, ки минбаъд низ дар ин самт имкониятҳои мавҷударо мавриди татбиқ қарор диҳад.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Финляндия амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520