15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Борис Гризловро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар мубориза бар зидди ҷинояткории трансмилалӣ ба таври созанда ва муфассал баррасӣ намуданд.
Дар ин робита мусоҳибон ба маҷмӯи мавзӯоти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм, ҳамчунин проблемаи ба низом даровардани равандҳои муҳоҷират диққати аввалиндараҷа доданд.