9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Рачендра Абхаянкарро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва вазъи минтақа мубодилаи афкор намуданд. Мусоҳибон ба соҳаҳои мушаххаси ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла гидроэнергетика ва нақлиёт диққати калон доданд.