14 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмади Хуррам мулоқот кард.
Зимни сӯҳбат вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи равнақу ривоҷи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва сохтмони роҳҳо муҳокима шуданд.
Масъалаи амалӣ сохтани паймонҳои зимни сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Эрон ба миёномада низ мавриди таваҷҷӯҳ буд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар сохтмони туннели Анзоб, нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда" ва роҳи мошингарде, ки Тоҷикистону Эронро тавассути қаламрави Афғонистон ба ҳадигар мепайвандад, баррасӣ намуданд.