31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ" имзо кард.
Тибқи қарори мазкур Низомномаи тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ тасдиқ гардида, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гашт, ки аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2003 пешбинигардида ба андозаи 12 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои истеъмоли қувваи барқ 8,8 миллион сомонӣ ва барои истеъмоли гази табиӣ 3,2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намояд. Ин маблағҳо ба ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо бо мақсади ҷуброн намудани истеъмоли қувваи барқ ва гази табиӣ ба аҳолӣ гузаронида шуда, хароҷоти мақсадноки онҳо назорат карда мешаванд.