Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавзеҳот ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.07.2016 18:42, шаҳри Душанбе

Дар маҷлисии кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 -уми июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари баррасии масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар, инчунин оид ба аҳамияти арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳо, амалҳои башардӯстона ва ёрӣ расонидан ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда изҳори назар намуда, аз ҷумла дастур дод, ки:

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арафаи иди Рамазон чорабиниҳои хайриявиро дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунон аз мардуми мамлакат даъват намуд, ки фитри рӯзаро тибқи фармудаҳои шариат танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда расонанд ва аз ҷониби ин табақаҳо додани фитри рӯзаро ҷоиз надонист.

Дар баробари ин ёдрас кард, ки супоридани фитри рӯза ба ходимони дин ва шахсони доро манъ аст.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори омма муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии мамлакат тарғиб намоянд.

Доир ба ин масъалаҳо имрӯз инчунин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки дар он мақомоти дахлдор вазифадор карда шуд, ки дар доираи суннатҳои миллӣ амал намуда, риояи талаботи дар боло зикршударо дар кишвар таъмин намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520