Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани маблағ барои тараққиёти муассисаҳои таълимӣ ва табобатию профилактикӣ ва таъминоти моддию техникии

26.11.2004 14:00, шаҳри Душанбе

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармоиши худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2004 барои тараққиёти муассисаҳои таълимӣ ва табобатию профилактикӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо пешбинишуда 1170100 (як миллиону яксаду ҳафтод ҳазору сад) сомонӣ ҷудо намояд, аз ҷумла:

- ба буҷети ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 312500 (сесаду дувоздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ, аз он барои таъмири асосии дармонгоҳ ва шӯъбаҳои касалиҳои сирояткунанда ва касалиҳои дарунии Беморхонаи марказии ноҳия – 160000 (яксаду шаст ҳазор) сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти тиббии Беморхонаи марказии ноҳия – 152500 (яксаду панҷоҳу ду ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- ба буҷети ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 221200 (дусаду бисту як ҳазору дусад) сомонӣ, аз он барои таъмири асосии Дармонгоҳи ноҳия – 169100 (яксаду шасту нӯҳ ҳазору сад) сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти тиббии Дармонгоҳи ноҳия – 52100 (панҷоҳу ду ҳазору сад) сомонӣ;

- ба буҷети ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 136400 (яксаду сию шаш ҳазору чорсад) сомонӣ, аз он барои таъмири асосии Дармонгоҳи ноҳия – 104400 (яксаду чор ҳазору чорсад) сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти тиббии Дармонгоҳи ноҳия – 32000 (си ву ду ҳазор) сомонӣ;

- ба буҷети ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ ҷиҳати идома додани сохтмони бинои нави мактаби № 1 барои 640 талаба дар шаҳри Данғара.

Раисони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон вазифадор гардиданд, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро аз рӯи иншоот ва намуди корҳо пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520