Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.06.2016 13:15, шаҳри Душанбе

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин аз вазифаи Директори Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаборзода Одил Абдуқаҳҳор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ – Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520