Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳамоҳангсози доимӣ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев

15.06.2016 11:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро бинобар сабаби анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз рушди бештари робитаҳо баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола манфиатдор аст.

Александр Зуев ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созанда ва ҳамкории пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин муносибот дар оянда ҳам дар сатҳи матлуб барои ҳар ду тараф манфиатбахш идома ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо ва расондани кумаки техникиро ба Тоҷикистон омили муҳиме баҳри ноил гардидан ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат арзёбӣ намуданд.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид оянда ҳам судбахшу боровар хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520