12 октябр дар Брюссел мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Парламенти Аврупо ба масъалаҳои фарогири робитаҳои байнипарламентӣ, авзои байналмилалӣ ва мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн бахшида шуд.
Парламенти Аврупо аз мавқеи шахсии дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифу пешниҳодоти мушаххаси вобаста ба ҳалли муаммоҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ба хусус мубориза алайҳи терроризм қаноатманд аст, таъкид гардид зимни вохӯрӣ.
Тоҷикистон бо таъсиси парламенти касбӣ ва думаҷлиса эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявиро тақвият мебахшад ва ривоҷи робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла муносиботи серҷабҳа бо Парламенти Аврупо ба пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон такони мусбат медиҳад,-изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.