6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Ян Кубиш мулоқот кард.
Ҷонибҳо дурнамои инкишофи ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазъи кунунии Афғонистон ва дигар мавзуоти мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуданд.
Ба масъалаи авзои Афғонистон дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва дар маҷмӯъ мамолики аъзои он бояд ҷиҳати таъмини бебозгашти марҳилаи сулҳи Афғонистон талоши ҷиддӣ ба харҷ диҳанд, то ин кишвар дар роҳи рушди демократӣ қадамҳои устувор гузорад.
Дабири Кулли Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Ян Кубиш, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон ба Душанбе омад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба авзои қабл аз интихоботии ин кишвар иттилооти амиқ расонид.
Дар вохӯрӣ таъкид ёфт, ки тайи солҳои охир Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба масъалаҳои вобаста ба инкишофи ҳамкориҳо бо мамолики Осиёи Марказӣ, ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус медиҳад.
Тарафҳо ҳамзамон доир ба ҳалли масъалаи аз мина тоза кардани заминҳо, ташкил ва баргузории Форуми иқтисодии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар соли 2006 табодули назар намуданд.