Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон Асаналӣ Ашимов

17.08.2004 12:00, шаҳри Душанбе

17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон Асаналӣ Ашимов мулоқот кард.

Дар ҷараёни сӯҳбат доир ба масъалаҳои фарогири эҳёи анъанаҳои пешин, инчунин таҳкими робитаҳои илмию фарҳангии миёни кишварҳои минтақа мароқ зоҳир карда шуд.

Асаналӣ Ашимов ҷиҳати ширкат дар рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст.

Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ – изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, -  иқдоми наҷибу омили қувватбахшандаи робитаҳои дӯстонаи миёни халқҳои тоҷику қазоқ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Асаналӣ Ашимов ҳунарпеша ва коргардони театри академии драмаи ба номи Авазови Ҷумҳурии Қазоқистон буда, дар як қатор филмҳо нақши асосиро моҳирона бозидааст, ҳамзамон муаллиф ва коргардони шинохта низ мебошад, дар қаламрави собиқ Итиҳоди Шӯравӣ мухлисони бешумор дорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ба  сатҳи зарурӣ расонидани ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ, таъсису ташкили ҳарчи бештари тадбирҳои минтақавию байналмилалии соҳавӣ, вохӯрӣ ва рафтуомади силсилавии ҳунармандон ба мамолики ҳамдигар ҳамфикрии амиқ изҳор доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520