Нимаи дуюми рӯзи 9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар конференсияи байналхалқии «ЕврАзия дар асри ХХ1-муколамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон рафт.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Эркин Рахматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Кароматулло Олимов ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.